Ин навор кай сабт шудааст, маълум нест. Аммо он 10 сентябр ба Интернет роҳ ёфтааст.
Яке аз асирон сокини 22-солаи вилояти Самарқанди Узбекистон Муҳриддин Ахмедов аст, ки дар шаҳри Москва таҳсил мекардааст. Ӯ дар навор мегӯяд, ба хотири пул розӣ шудааст, дар ҳайати ҷанговарони ширкати хусусии низомӣ биҷангад.
Узбекистонии дигар гуфт, дар сохтмоне дар шаҳри Москва бидуни ҳуҷҷат кор мекард ва ӯро ба ҷанги Украина фиристоданд.
Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи ҳамлаи сахти неруҳои Украина ба вилояти Харков даҳҳо низомии рус асир афтодааст.