Ссылки доступа

Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Узбекистону Қазоқистон


Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон моҳи октябри имсол дар Қазоқистон баргузор мешаванд.

Муовини вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу бо намояндаи Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Роза Карибҷонова мулоқот карда, ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаи рӯзҳои фарҳангиро баррасӣ кардааст.

Рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон моҳи ноябри имсол дар Узбекистон низ баргузор мешаванд. Эсенгул уулу дар шаҳри Нурсултон бо вазири фарҳанги Узбекистон Муродҷон Меҷидов ҳам мулоқот карда, дар робита ба баргузории чорабинӣ табодули афкор намудаанд.

Вохӯриҳо дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон анҷом шудаанд.

XS
SM
MD
LG