Ба иттилои пешакӣ, оташсӯзӣ дар натиҷаи расидани ноқилҳои барқӣ сар задааст. Хадамоти амниятии фурудгоҳ тасмим гирифтааст, ки фурудгоҳро муваққатан бе барқ гузорад.
"Оташ соати тақрибан 10:30 субҳ шуруъ шуд. Хадамоти оташнишонии фурудгоҳ фавран ба хомӯш кардани он пардохт ва соати 10:40 дақиқа барқи фурудгоҳро хомӯш карданд. Хушбахтона, дар ин ҳодиса касе зарар надидааст", - хабар дод мудири ширкати Uzbekistan Airports Handling Умед Ҳамроев.
Дар пайи ин ҳодиса парвози Тошканд-Алмато, Тошканд-Нурсултон ва Тошканд-Москва ба таъхир афтодааст.
Ҳоло фаъолияти фурудгоҳ ба эътидол омада, парвозҳо мунтазам анҷом мешаванд.
Рӯзи 11 сентябр дар бахши парвозҳои байналхалқии фурудгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон оташ сар зад. Мусофирон ва кормандон фавран ба ҷои амн кӯчонида шуданд.