Ссылки доступа

Дипломати узбек: Тошканд метавонад барои русҳо як маркази транзитӣ шавад


Узбекистон метавонад барои сайёҳони ҳавзаи федеролии Урал ва тамоми Русия ба як маркази нави транзитӣ табдил ёфта, шаҳри Истамбули Туркияро, ки ҳоло мусофирон тавассути он ба дигар минтақаҳо парвоз мекунанд, иваз кунад.

Ин нуктаро консули генералии Узбекистон дар Екатеринбурги Русия Абдусалом Хотамов дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС рӯзи якшанбе баён доштааст.

"Узбекистон метавонад ҳам ба яке аз маконҳои маъмултарин барои сайёҳони рус ва ҳам маркази нави транзитӣ табдил ёбад ва шаҳри Истамбулро, ки сайёҳон тавассути он ба кишварҳои гуногун парвоз мекунанд, иваз намояд", - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир аз шаҳрҳои Урал, Екатеринбург, Челябинск ва Тюмени Русия ба шаҳрҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд, Тошканд ва Намангони Узбекистон парвозҳои мустақим вуҷуд доранд.

Кишварҳои ғарбӣ баъди оғози ҳамла ба Украина тамоми парвозҳо бо Русияро қатъ кардаанд ва ҳоло Туркия ба як кишвари калидии транзитии русҳо табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG