Ссылки доступа

Бонкҳои Узбекистон шартҳои додани корт ба хориҷиҳоро сахттар карданд


Шуруъ аз 12 сентябр ҳадди ақал ду бонки Узбекистон шартҳои додани кортҳои бонкӣ ба хориҷиҳоро сахттар кардаанд.

Бонки "Капитал" хабар дод, танҳо барои он шаҳрвандони хориҷие суратҳисоб мекушояд, ки "донишҷӯ" ҳастанд ё "расман дар Узбекистон кор мекунанд" ва ё "бо сафари бештар аз 15-рӯза вориди Узбекистон" шудаанд. Бонки "Ипак Йулӣ" ҳам шартҳои додани кортро сахттар кардааст. Бино ба ин шартҳо, акнун танҳо дар дафтари марказии бонкҳо дар шаҳри Тошканд имкони гирифтани корт фароҳам аст.

Баъди шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина бисёре аз кишварҳои Ғарб нисбати Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Аз ҷумла нисбати бонкҳои Русия низ таҳрим ҷорӣ шуд. Ба ин далел, русиягиҳо наметавонанд, бо кортҳои бонкиашон хариди онлайнӣ ва чанде аз дигар амалиёти бонкиро анҷом диҳанд. Дар чунин шароит бисёре аз онҳо барои дарёфти корти бонкӣ ба Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон рӯ меоранд.

То ин замон дар Узбекистон барои дарёфти корти бонкӣ аз хориҷиҳо танҳо сим-корти маҳаллӣ, қайди ҷойи зист ҳатмӣ буд.

Аз Бонки миллии Узбекистон гуфтанд, аз ибтидои соли ҷорӣ 169 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дар он кишвар суратҳисоби бонкӣ боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG