Ссылки доступа

Чин мехоҳад, табодули молро бо Узбекистон ба $10 млрд расонад


Чин, яке аз бузургтарин шарикони тиҷории Узбекистон мехоҳад, ҳаҷми табодули молро бо ин кишвар то ба 10 миллиард доллар дар сол расонад.

Ин нуктаро президенти Чин Си Ҷинпин дар як матлаби худ дар бораи рушди робитаҳои Тошканду Пекин, ки дар расонаҳои маҳаллии Узбекистон нашр шуд зикр кардааст.

Ҷинпин гуфтааст, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2021 аз 8 миллиард доллар гузашта, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба 5 миллиард доллар расидааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Чин рӯзҳои 14-16 сентябр бо як сафари давлатӣ ба Узбекистон рафта, ҳамчунин дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шангхай дар шаҳри Самарқанд ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG