Ссылки доступа

Ҳаводори 6-солаи Муҳаммад Салоҳро дар Восеъ “Мессӣ” ном гузоштанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳаводори 6-солаи Муҳаммад Салоҳро дар Восеъ “Мессӣ” ном гузоштанд. (видео)

- Сел ҳоли занони ҳомилаи Покистонро бад кардааст.​ Бунёди нуфусшумории Созмони милалаи Муттаҳид мегӯяд, 650 ҳазор зани ҳомила дар минтақаҳои аз сел зиёндидаи Покистон ба макони амн ва хадамоти беҳдоштӣ ниёз доранд, то тифлони батнашонро солим ба дунё биоранд. (видео)

- Чӣ сабаби гаронии қиматҳо дар Рашт мешавад? ​Сокинони минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон аз гаронии маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд.Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам зимни сафар ба Рашт мушоҳида карданд, ки хӯрокворӣ дар ин минтақа назар ба бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон гаронтар аст. (видео)

- Ҳаводори 6-солаи Муҳаммад Салоҳро дар Восеъ “Мессӣ” ном гузоштанд (видео)

- Кишварҳои Осиёи Марказӣ чи гуна муттаҳид шуданд, аммо дар иттиҳоде гирди ҳам наомаданд (видео)

- Тоҷикон гуфтанд, ки маънии истиқлол чист. Тоҷикистон 31 сол пеш истиқлол ба даст овард. Назарпурсии он замон нишон дода буд, ки аксари мардум тарафдори дар ҳайати Шӯравӣ мондан ҳастанд, Солҳои ахир назарҳо дигар шудааст. Хабарнигори Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсид, ки мафҳуми истиқлол чист? (видео)

- Роҳҳоро дар Душанбе бастанд, барои омодагӣ ба ҷашн. Мақомот дар Душанбе "даробаро"-и мошинҳоро аз минтақаҳои атроф ба пойтахт маҳдуд кардаанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ин вазъ ба кору тиҷорати онҳо халал расонд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, тасмим муваққатист ва ба маъракаҳои бахшида ба 31-умин солгарди истиқлол дар Душанбе пайванд дорад (видео)

- "Деҳаи занон". Саргузашти Гулӣ Раҳимова. Радиои Озодӣ чанде пеш гузориш дод, ки 80%-и мардони як деҳа дар Турсунзода ба муҳоҷират рафтаанду кору ташвиши зиндагӣ ба дӯши занону пирон уфтодааст. Гулӣ Раҳимоваи 46-сола яке аз онҳост. Ӯ худро ҳам мард ва ҳам зани хонавода мешуморад ва рӯзгорашро ба Радиои Озодӣ нақл кард (видео)

- Эмомалӣ Холов ба ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24" муттаҳам шуд. Ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам кардаанд (видео)

- Шаҳрия: Мо бояд ақлро парастем, на зоҳирро. Муаллифи “Ашки шақоиқ”-у “Зан дар асорати танҳоӣ”, рӯзи дувуми сентябр 70-сола шуд ва ба ин баҳона ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи шеъру ҷанги дохилӣ ва рӯзгори пур печу хамаш посух дод (видео)

- "Мегӯянд, кумакҳо барои Шумо нест". Самӣ Шарифзода иштирокчии ҷанги Афғонистон аст. Ӯ моҳи марти соли 1981 ба сафи нерӯҳои Шӯравӣ даъват шуда, ду сол дар Афғонистон ҷангидааст. Давлати Тоҷикистон ба ӯ ҳамчун иштирокчии ҷанг "таъмини дараҷаи шоистаи зиндагӣ"-ро кафолат медиҳад, вале Шарифзода мегӯяд, кофӣ нест (видео)

- Беҳном Бонӣ аз Эрон ба Тоҷикистон омадааст. Овозхони шинохтаи эронӣ, ба Тоҷикистон омадааст, то рӯзи 3-юми сентябр дар Душанбе ба таври “зинда” консерт бидиҳад. Пеш аз он ба чанд суоли хабарнигорони Радиои Озодӣ посух гуфт (видео)

- Даҳмарда--филм аз рӯзгори чӯпонҳои тоҷик (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG