Ссылки доступа

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз сар задани низоъ дар минтақаи дигари марз бо Тоҷикистон хабар дод


Дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон тирпарронии нав рух додааст. Ин бор дар минтақаи Кок-Сойи ноҳияи Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон, хабар медиҳанд мақомоти марзбонии Қирғизистон.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, тирпарронӣ идома дорад. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора то кунун хабар надодааст.

Ин дар ҳолест, манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар муноқишаи субҳи 14-уми сентябр як марзбони тоҷик кушта ва се нафар маҷруҳ шудаанд. Хабаргузории Ройтерс ҳам дар бораи кушта шудани як марзбони тоҷик хабар додааст.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон муноқишаро расман шарҳ дод, вале дар бораи кушта ё захмӣ шудани марзбонони тоҷик чизе нагуфт. Неруҳои марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар муноқишаи имрӯз ду марзбони ин кишвар ҷароҳат бардоштаанд.

Ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфтанд, дар пайи тирандозии субҳи имрӯз дар мавзеи Кехи ноҳияи Исфара як марзбони тоҷик кушта ва се нафар маҷруҳ шудаанд. Дар бораи ин чор марзбон феълан иттилое бештаре дар даст нест.

Хабаргузории Ройтерс ҳам рӯзи 14-уми сентябр аз қавли хабаргузории РИА Новости навишт, “дар даргириҳо бо Қирғизистон як сарбози тоҷик ба ҳалокат расид.”

Хабаргузории "Азия-Плюс" навиштааст, 1 марзбони тоҷик кушта ва 5 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Як манбаи муътамади Радиои Озодӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара гуфт, "то ҳол се нафар захмиҳоро аз Ворух ба шӯъбаи эҳё овардаанд. Вазъияташон вахим аст. Аз куштаҳои нав дигар иттилое нест."

Дафтари матбуоти Қушунҳои марзбонии Қирғизистон баъд аз зуҳри 14-уми сентябр захмӣ шудани ду сарҳадбони ин кишварро тасдиқ кард.

"Дар натиҷаи таркиши мина аз миномёт як марзбон захми сабук бардошта, марзбони дуввум дар ҳолати бехудӣ аст,"-омадааст дар хабари расмии Қирғизизистон.

Чанде аз сокинон ва корбарон бо ирсоли навор иттилоъ доданд, ки якчанд тонку нақлиёти низомӣ дар минтақаи Чорқишлоқ ва Чоркӯҳ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Чанд нафар аз сокинони Ворух мегӯянд, садои тирпарониву тӯп нест, вале вазъ нигаронкунанда аст.

Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии Қирғизистон навиштааст, баъд аз зуҳри 14-уми сентябр сарҳадбонони тоҷик ба самти постгоҳи марзии "Достук" оташ кушодаанд. "Сарҳадбонони қирғиз оташи ҷавоб кушоданд. Тирпарронӣ идома дорад,"-омадааст дар хабарномаи Неруҳои марзбонии Қирғизистон.

Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани ҳодиса гунаҳкор мекунанд.

Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, соати 07-15-и имрӯз аз тарафи пости сарҳадии "Булакбоши"-и Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и Тоҷикистон "бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт."

Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон гуфтааст, баъди ин ҳамла сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушоданд.

Неруҳои марзбонии Қирғизистон баръакс сарҳадбонони тоҷикро дар ин ҳодиса гунаҳкор кардааст. Дар иттилоияи ҷониби Қирғизистон, сарҳадбонони тоҷик ба он муттаҳам мешаванд, ки "дар маҳалли мушаххаснашудаи марз, мавқеи ҷангӣ гирифтаанд."

"Марзбонони тоҷик талаби тарки ин маҳалро рад карданд ва оташ кушоданд. Дар ҷавоб марзбонони Қирғизистон ҳам аз силоҳ истифода карданд,"-омадааст дар хабари Неруҳои марзбонии қирғиз.

Ҷониби Қирғизистон иддао кардааст, ки дар муноқишаи имрӯз сарҳадбонони тоҷик аз миномёт истифода кардаанд. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ҷониби Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса қувваи иловагӣ интиқол дод.

Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон, то соати 9:30 тирпарронӣ оғоз ва боз қатъ мешавад. Намояндагони ҳарду тараф мегӯянд, барои ба эътидол овардани вазъ, гуфтушунид оғоз шудааст.

Макони ҳодисаро Тоҷикистон минтақаи Кех ва ҷониби Қирғизистон Булак-Боши меномад. Ин минтақа, аз маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Ворух дур аст ва имсол шоҳиди чанд тирпарронӣ буд. Аз ҷумла моҳи июни имсол дар яке аз ин муноқишаҳо як марзбони тоҷик кушта шуд. Ҷойи ҳодиса аз минтақаи аҳолинишини шаҳри Исфара дар масофаи дур ҷойгир шудааст.

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад. ​

XS
SM
MD
LG