Ба иттилои додситонӣ, дар робита ба қонуншиканиҳое, ки мансабдорони Вазорати энергетикаи Қирғизистон анҷом додаанд, 32 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳаҷми умумии зараре, ки онҳо ба давлат расондаанд, 889 миллиону 54 ҳазор сомро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин зидди кормандони дастгоҳи марказии вазорат, ширкати "Натсенергохолдинг" ва корхонаи "Қирғизтеплоэнерго" бо гумони исрофкорӣ, аз ҷумла пардохти иловапулӣ, зиёд нишон додани харҷи сафар 11 парвандаи ҷиноии дигар боз карда шудааст.
Ба ҷуз ин, санҷиш муайян кардааст, ки вазири энергетикаи Қирғизистон Досқул Бекмурзоев соли 2021 ба Хадамоти андози он кишвар эъломияи даромад бо маълумоти дурӯғ пешниҳод карда, дар соли 2022 онро пешниҳод накардааст.
Додситонӣ 13 сентябр хабар дод, ки зидди Бекмурзоев ду парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Ӯ гӯиё аз ҳисоби вазорат онҳоеро ба сафари хидматӣ фиристодааст, ки дар ин ниҳод кор намекардаанд. Худи Бекмурзоев иддаои додситониро кушиши "беобрӯ" сохтани худ номид.