Мақомоти маҳаллии Бодканд гуфтанд, Тошиев айни замон бо мақомоти интизомии Қирғизистон ҷаласаи пӯшида мегузаронад.
Пештар аз ин Тошиев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки як рӯз пеш дар даргириҳои марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон "неруҳои таъйиноти махсус Тоҷикистон иштирок кардааст".
"Мо дидем, ки аз ҷониби Тоҷикистон неруҳои таъйиноти махсус омода шудаанд. Неруҳои марзбонии мо диданд, ки одамон бо либоси сиёҳ сӯи онҳо тир кушодаанд. Эҳтимол онҳо ҳанӯз дар бархе минтақаҳо пинҳон шудаанд. Мо касеро аз як метр наздиктар шудан ба марзи худ намегузорем ва амнияти худро муҳофизат мекунем", - гуфт Тошиев.
Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 14-уми сентябр ду марзбони тоҷик кушта ва 11 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манобеи худ дар ҷамоати Ворух дар Исфара навиштааст, дар миёни маҷруҳон 6 марзбон ва 5 сокини маҳаллаҳои наздимарзӣ ҳастанд. Ба қавли хабаргузорӣ, яке аз марзбонон, ки субҳи 14-уми сентябр дар натиҷаи тирандозии сарҳадбонони қирғиз маҷруҳ шуд, бинобар хунравии зиёд ҷон додааст. Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, ки аз тири марзбонони тоҷик чаҳор нафар, аз ҷумла ду сарҳадбон ва ду ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштаанд.
Як мусоҳиби Радиои Озодӣ аз маҳаллаи Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи зарбаи дрон ва ё ҳавопаймои бесарнишини неруҳои Қирғизистон, аз ҷумла чаҳор нафар дар деҳаи Хелисони ҷамоати Чоркуҳи Исфара захмӣ шудаанд.
Муноқиша субҳи 14-уми сентябр дар назди дидбонгоҳи сарҳадии Кехи ноҳияи Исфара шуруъ шуд ва ба дигар гӯшаҳои марз гузашт. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ сарҳадбонони қирғизро муттаҳам кард, ки субҳи барвақт “бе ягон сабаб аз минамёт” ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии Кех гулула партоб кардаанд ва марзбонони тоҷик маҷбур шуданд, оташи ҷавобӣ кушоянд. Дар баёния омадааст, ки “Ғайр аз ин аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуд.”
Мақомоти марзбонии Қирғизистон баръакс сарҳадбонони Тоҷикистонро сабаби сар задани моҷарову тирандозӣ хонда ва гуфтаанд, “дар маҳаллаи Булоқбошӣ дар ноҳияи Ботканд сарҳадбонони тоҷик дар маҳаллаи ташхисношудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва талаби сарҳадбонони қирғиз барои тарки ин маҳалро ба инобат нагирифта, оташ кушоданд.” Идораи марзбонии Қирғизистон гуфт, ки дар ин даргирӣ касе аз онҳо осеб надид.
Баъд аз чанд соати ин муноқиша, сокинони ҷамоати Чоркуҳ, маҳалли дигари ҳаммарз бо Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди соати 14 аз чаҳор тараф садои тирандозӣ шунида шуд. Неруҳои марзбонии Қирғизистон гуфтааст, дар тули рӯз миёни марзбонони тоҷику қирғиз се дафъа тирандозӣ сар зад. Мақомоти қирғиз, сарҳадбонони тоҷикро ба ҳамла ба дидбонгоҳҳои "Самарқандак" ва "Достук" муттаҳам карданд ва аз маҷруҳ шудани ду ғайринизомӣ хабар доданд.
Ҷониби Тоҷикистон муноқишаҳои баъдиро шарҳ надодааст, вале видеоҳое, ки дар гуруҳҳои сокинони Чоркуҳ дар Телеграм нашр шудаанд, техникаи низомӣ дар канори роҳ ва кӯдакони ҳаросону дар ҳоли гиря, садоҳои тирандозӣ ва хонаҳо ва як мошини осебдида дар натиҷаи таркишро нишон медиҳад.
Дар видеоҳое, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ гирифтааст, мошинҳои зиёди таваққуфкарда дар канори роҳ дар маҳаллаҳои марзӣ дида мешавад. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки барои хотима додан ба муноқиша гуфтугӯ мекунанд. Айни замон вазъ дар марз ором, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Мария Захарова, намояндаи вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ҳукумати кишвараш аз Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳад, барои ба эътидол овардани вазъ дар марз чора биандешанд. Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст: “Бо назардошти тавофуқҳо миёни раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф мехоҳем, тамоми чораҳои заруриро барои бозгардонидани вазъ ба майдони сиёсиву дипломатӣ ва пешгирӣ аз ҳаргуна иғво биандешанд.” Мария Захарова гуфтааст, кишвараш омода аст, ба ду кишвар дар ҳалли мусолиматомези моҷаро ва таъйину аломатгузории марз кӯмак кунад.
Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.