Ссылки доступа

Додгоҳи олии Русия иҷозатномаи сомонаи "Новая газета"-ро бозхонд кард


Додгоҳи олии Русия бо дархости Роскомнадзор иҷозатномаи фаъолияти сомонаи хабарии "Новая газета"-ро бекор кард. Пеш аз ин, иҷозатномаи нашрияи ин сомона ва замима-маҷаллаи "НО" бозхонд шуда буд.

Роскомнадзор бекор кардани парвонаи сомонаро баъди ду ҳушдори расмӣ дар бораи тамғагузорӣ нашудан ҳангоми зикри манбаъҳое дархост кард, ки Вазорати адлияи Русия онҳоро ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шомил намудааст.

Ба иттилои "Новая Газета. Европа", нашрия ҳанӯз дар баҳори соли равон зидди ин қарорҳо ба додгоҳ шикоят карда буд, вале ин даъвоҳо ҳанӯз баррасӣ нашудаанд.

"Новая газета" аз соли 1993 нашр мешавад. Ҳайати таҳририяи он пайваста бо ҷоизаҳои Русия ва байналмилалӣ барои таҳқиқоти рӯзноманигориву фаъолияти ҳуқуқи башар қадрдонӣ шудааст. Сармуҳаррири нашрия Дмитрий Муратов барои талошҳояш дар ҳифзи озодии баён ҷоизаи сулҳи Нобелро соҳиб гаштааст.

XS
SM
MD
LG