Ссылки доступа

Қазоқистон бунёди неругоҳи атомиро оғоз кардааст


Раиси бунёди миллии "Самрук-Хазина"-и Қазоқистон Алмасадам Сатқалиев 15 сентябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки иҷрои лоиҳаи бунёди неругоҳи атомиро оғоз карданд.

"Ҳукумати Қазоқистон аллакай дар фикри бунёди нерӯгоҳи атомӣ дар кишвар аст. Аз ҷумла, лоиҳа аз ҷониби як ҳавзаи байналмилалии сармоягузорон амалӣ карда мешавад, ки беҳтарин пешниҳодро ироа мекунанд", - гуфт Сатқалиев.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир пешниҳодҳои "Росатом"-и Русия, Иттиҳодияи миллии ҳастаии Чин, ширкати куриёии KHNP (Korea Hydro & Nuclear Power) ва EDF (Electricite de France) баррасӣ мешаванд.

Ҳукумати Қазоқистон моҳи августи имсол гуфта буд, ки сохтмони неругоҳи атомӣ лоиҳаи байналмилалӣ хоҳад буд. Он бо иштироки "Росатом"-и Русия бунёд мешавад.

XS
SM
MD
LG