Ссылки доступа

Си Ҷинпин дар ғизои шом дар ҳузури сарони СҲШ дар Самарқанд ширкат накард


Роҳбари Чин Си Ҷинпин ба далели маҳдудиятҳои коронавирус дар ғизои шом ҳозир нашуд, ки бо ҳузури сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд баргузор гардид.

Ин нахустин сафари хориҷии Си Ҷинпини 69-сола баъди оғози вабои коронавирус аст.

Си Ҷинпин ҳамчунин дар аксгирии дастаҷамъии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ширкат накард.

Дар аксҳо дида мешавад, ки роҳбарони давлатҳо бидуни ниқоб суҳбат доранд, аммо бархе аз аъзои ҳайати онҳо ниқоб пӯшидаанд.

Дар саммити СҲШ дар Самарқанди Узбекистон президентҳои Русия, Туркия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон, Муғулистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва сарвазирони Ҳинду Покистон ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG