Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон баррасии парвандаи ҷияни Назарбоевро оғоз кард


Додгоҳи ноҳияи Байконури шаҳри Остонаи Қазоқистон баррасии парвандаи Кайрат Сотиболдиулӣ, ҷияни президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоевро 16 сентябр оғоз кардааст.

Бино ба хабари расонаҳои Қазоқистон, Сотиболдиулӣ ба “Расонидани зарари молӣ бо роҳи фиреб ё суиистифода аз боварӣ” ва “Азхудкунӣ ё дуздидани моли каси дигар" айбдор мешавад.

Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон 13 марти имсол Кайрат Сотиболдиулиро, ки ба гуфтаи мақомот, мехост, кишварро ба қасди Дубай тарк кунад, дастгир кард. Он замон гуфта мешуд, ки Сотиболдиулии 51-сола дар "сӯистифода аз мақом ва дуздии дороиҳои ширкати мухобиротии "Қазоқтелеком" дар ҳаҷми махсусан калон" айбдор мешавад.

Дар хадамот гуфта буданд, ки Кайрат Сотиболдиулӣ "ба халалдор кардани амнияти давлат" низ айбдор мешавад.

Қаблан расонаҳо Кайрат Сотиболдиулиро ягона муассиси ширкати оффшории "Skyline Investment Company S.A." номида буданд. Forbes Kazakhstan дороии Сотиболдиулиро 163 миллион доллар арзёбӣ ва номи онро ба рӯйхати бонуфузтарин соҳибкорони Қазоқистон ворид карда буд.

XS
SM
MD
LG