Ссылки доступа

Як қурбонии ҷанҷоли марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд (гулчин)


KYRGYZSTAN -- Jalal-Abad - Arstanbap in August, 2022 - Arslanbob is a large walnut forest located in the mountains of the Jalal-Abad region on the Fergana and Chatkal ridges. The total area of fruit and nut forests in the Arslanbob river valley is the lar

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

-Кумак ба Бодканд. Дар минтақаҳои Қирғизистон ҷамъоварии маблағ барои сокинони Бодканд идома дорад. (видео)

- Дар Овчӣ-Қалъача чӣ шуд? Нақли сокинон. Ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, яке аз саҳнаҳои даргирии рӯзи 16-уми сентябр будааст. Ба гуфтаи сокинон, “муноқиша асосан дар маҳаллаи марзии Баҳор гузашт” ва “дар натиҷа, зиёда аз даҳ нафар куштаву захмӣ шуда, дастикам 5 ҳавлӣ осеб дид ва як мағоза пурра сӯхт” (видео)

- Як қурбонии ҷанҷоли марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд.
Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд (видео)

- Гузориш аз наздикии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон.
Вазъ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон чӣ гуна аст? Гузориши Фарзон Муҳаммадиро бинед (видео)

- Чаро Русия Ҳизби наҳзатро созмони террористӣ эълон кард?
Додгоҳи олии Русия 14-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард. Баъд аз 7 соли муроҷиатҳои Тоҷикистон. Муомилаи сиёсӣ, ё сабаби дигар?. Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Абдусаттор Бобоев, узви раёсати ҳизби наҳзати исломӣ баҳс мекунанд (видео)

- Низои марзии Арманистону Озарбойҷон: низоъ аз чӣ сар зад ва ҷонибҳо чи гуна аз он берун меоянд (видео)

- «Дунё тағйир меёбад». Масадиков дар бораи зарурати сохтмони роҳи оҳани «Чин-Қирғизистон-Узбекистон» (видео)

- Мубаллиғони Кремл Қазоқистонро ҷумҳурӣ наменоманд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG