Ссылки доступа

Дар Жанаозени Қазоқистон баъди ихроҷи 11 корманди "ёрии таъҷилӣ" ҳамаи кормандони дигар корро тарк карданд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон даҳҳо корманди "ёрии таъҷилии тиббӣ" корро тарк карданд. Онҳо пештар талаби маоши бештарро доштанд.

Ин ҳодиса баъди он рух дод, ки додгоҳ ҳафтаи гузашта гирдиҳамоии кормандони "ёрии таъҷилӣ"-ро ғайриқонунӣ донист. Ҳамзамон корфармо дар асоси қарори додгоҳ 11 кормандро аз кор ронд.

Баъди он ки ҳамаи кормандони "ёрии таъҷилӣ" корро тарк карданд, мақомоти Жанаозен онҳоро барои гуфтугӯ даъват кардаанд. Аммо кормандон ин даъватро рад кардаанд.

Мурод Белбоев, ронандаи мошини "ёрии таъҷилӣ" гуфт, онҳо бо нишони ҳамраъйӣ бо 11 ҳамкори худ корро тарк кардаанд.

Кормандони "ёрии таъҷилӣ" дар Жанаозен 300-350 доллар маош мегиранд. Онҳо ахиран талаби афзоиши маоши худро доштанд. Дар пайи ин талабҳо мақомоти хадамоти "ёрии таъҷилӣ" 11 кормандро аз кор ронданд.

XS
SM
MD
LG