Ссылки доступа

Тоҷикистону Қирғизистон ба таҳқиқи байналхалқии ҳодисаҳои 14-17 сентябр даъват доранд


Kyrygzstan - Kyrgyz-tajik border clash, casualties. Collage. September 19
Kyrygzstan - Kyrgyz-tajik border clash, casualties. Collage. September 19

Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон дар мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ гуфт, ки Қирғизистон омода аст, дар сатҳи байналхалқӣ "ҳамлаи Тоҷикистонро ба ҳудуди худ" исбот кунад.

Ба гуфтаи вай, мақомоти Қирғизистон омодаанд, "ҳамаи далелҳои қатъии ҳамлаи Тоҷикистон ба Қирғизистонро бо аксу наворҳо исбот кунанд".

"Вазорати корҳои хориҷӣ иттилои холисонаро ба сафоратҳову созмонҳои хориҷӣ дастрас мекунад. Мо ин масъаларо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонем. Ҳамчунин мо ба таҳқиқи байналхалқӣ омодаем. Борҳо гуфтем, ки мо нияти ҳамла надорем, як метр замини дигарон ба мо даркор нест. Мо тасмим надорем, ин масъаларо аз роҳи зур ҳал кунем. Бигзор комисияи байниҳукуматӣ кор кунад. Кор идома мекунад. Комисияи давлатӣ кор мекунад", - гуфт Имонқулов.

Пештар аз ин Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон гуфт, ки дар натиҷаи низоъи ахири марзӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон 282 иншоот зарар дидааст. Миёни иншоот биноҳои иҷтимоӣ, казармаҳои низомӣ ва хонаҳои шахсӣ ҳастанд.

Ҳукумати вилояти Суғд низ бо нашри чанд акс аз пайомади даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ хостааст, ба ҳодиса баҳои дурусту ҳақиқӣ диҳанд.

Мақомот рӯзи 18-уми сентябр гуфтанд, осори даргирӣ дар деҳаҳои наздимарзии Исфара баёнгари он аст, ки “ҷониби Қирғизистон бо тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишон иншооти ғайринизомӣ ва бахусус хонаҳои мардумро задааст”.

Айни иддаоро ҷониби Қирғизистон дорад. Вазорати корҳои хориҷии он кишвар 18-уми сентябр гуфт, метавонад, аксу наворҳои зиёдеро барои арзёбӣ пешкаш кунад.

Рӯзи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирӣ сар зад. Аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва захмӣ шудаанд.

Душанбе Бишкек якдигарро ба оғози муноқиша ва таҷовузи мусаллаҳона муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG