Ссылки доступа

Созмони Милал. Содир Ҷабборов чӣ гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин чӣ?


Раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид даргириҳои 14-17-уми сентябрро дар сарҳади кишвараш бо Тоҷикистон, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ба ҷой гузошт, ба баҳс кашидааст.

Содир Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 20-уми сентябр гуфт, "Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамла кард" ва онро "таҷовуз" номид.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр кишвари ҳамсояро ба "таҷовузи мусаллаҳона" ва "ҳамла дар тамоми хати сарҳад" айбдор кард. Вазорат рӯзи 20-уми сентябр гуфт, вазир Сироҷиддин Муҳриддин "навору аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, ба дабири кулли СММ дар нишон дод."

Жапаров дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфтааст, моҳи июни соли гузашта, бо вуҷуди онки зери танқиди мардуми Қирғизистон монд, барои ёфтани ҳалли мусбати масоили марзӣ ба Душанбе рафт, аммо "мулоқот натиҷае надод".

Вай афзудааст, "ҳамеша маҷбур ҳастем, ба таҷовузи ҷониби Тоҷикистон посух диҳем… Ҷониби Қирғизистон ба замини бегона даъво надорад ва як сантиметр заминашро ба касе доданӣ нест."

Тоҷикистон ҳамвора Қирғизистонро ба ҳамла ба хокаш муттаҳам мекунад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр ба дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, "Тоҷикистон ҳеч гоҳ ташаббускори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон набуд ва ҳамеша ба равиши сиёсиву дипломатӣ пойбанд мебошад."

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳам гуфтааст, Бишкек омода аст, музокиротро бо ҷониби Тоҷикистон “дар ҳар шакл, бар пояи меъёрҳои байнулмилалӣ ва роҳи мутамаддини ҳуқуқӣ” идома бидиҳад. Дар айни замон афзудааст, “бо дарназардошти коҳиши боварӣ... омодаем, дар идомаи гуфтушунидҳо созмонҳои байнулмилалие ба монанди Созмони Милал, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ миёнравӣ кунанд.”

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи суханронии раиси ҷумҳурии Қирғизистон изҳори назар накардаанд.

Ҷанги марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз бар сари тақсими замину обу чарогоҳ рӯй медиҳад. Ду кишвари собиқи Шӯравӣ ва болооби Осиёи Марказӣ 970-980 километр сарҳад доранд ва бахше аз онро муайяну нишонагузорӣ накардаанд.

Қитъаҳои баҳсӣ асосан байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон мондааст.

XS
SM
MD
LG