Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мудири телевизиони "Next TV"-ро муҷозот карданд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 21 сентябр ҳукми худро дар робита ба парвандаи мудири "Next TV" Таалай Дуйшенбиев содир кард.

"Дуйшенбиев ба иҷрои талабҳои назоратӣ вазифадор шудааст. Ӯ бояд аз кишвар берун наравад ва дар як сол ду бор ба мақомоти назоратӣ дар маҳалли зисташ ҳозир шавад. Дуйшенбиев ба шарти берун нарафтан аз кишвар аз толори додгоҳ озод шуда, ҳуки ҳабси пешакии ӯ бекор мешавад", - гуфтааст додрас.

Вакили дифои Дуйшенбиев Тимур Султонов дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ хоста буд, ки Таалай Дуйшенбиев дар ангехтани бадбинии миллӣ айбдор ва 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Ба иттилои тафтишот, телевизион "хабари бардурӯғ паҳн мекунад, ки гӯё байни Қирғизистон ва Русия дар бораи кӯмаки низомӣ расонидан дар амалиёти низомӣ дар Украина созиш ҳосил шудааст. Телевизион аз қавли роҳбари пешини хадамоти махсуси Қазоқистон ин хабарро нашр кардааст".

XS
SM
MD
LG