Президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар муроҷиаташ гуфт, кафолат медиҳад, ки "интихобот қатъиян дар доираи қонун, боадолатона, боз ва бо иштироки комили нозирони дохиливу хориҷӣ баргузор хоҳад шуд".
Вай ҳамчунин илова кард, ки "ҳайати навбатии вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ аз рӯи низоми нав - рӯйхати ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандагӣ" баргузор мешавад. Тоқаев афзуд, аз моҳи январи соли 2023 Додгоҳи конститутсионӣ фаъол мешавад. "Интиқоли бархе салоҳиятҳо аз президент ба порлумон ба анҷом расид. Ҳокимони минтақаҳо акнун дар асоси алтернатива интихоб мешаванд", - илова кард президенти Қазоқистон.
Рӯзи 16 сентябр порлумони Қазоқистон тағйирот ба Конститутсияи он кишварро қабул кард. Вакилон баргардонии номи пойтахти он кишварро ба Остона ва маҳдудсозии муҳлати президентиро ба як давраи 7-сола ҷонибдорӣ карданд.