Ссылки доступа

Пешбарии номзадҳо ба интихоботи президентии Қазоқистон аз 23 сентябр оғоз мешавад


Муовини раиси Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон Константин Петров рӯзи панҷшанбе дар як ҷаласа гуфт, пешбарии номзадҳо ба интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар ин кишвар аз 23 сентябр оғоз мешавад.

Ба гуфтаи масъулони комиссия, то 1 июли имсол дар Қазоқистон 11 миллиону 827 ҳазору 277 шахси қобили раъй ба қайд гирифта шудааст. "Ба ҷонибдории ҳар як номзад бояд 118 ҳазору 273 имзои воқеӣ ҷамъоварӣ шавад", - изҳор дошт Петров.

Ба гуфтаи ӯ, пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии Қазоқистон дар интихоботи пеш аз муҳлат то соати 18:00-и 21 октябри имсол идома меёбад. Маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар Қазоқистон аз 21 октябр оғоз шуда, 19 ноябр рӯзи хомӯшӣ хоҳад буд.

Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо имзои фармоне санаи интихоботи пеш аз муҳлати президентиро эълом кард. Он 20 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Порлумони Қазоқистон 16 сентябр тағйирот ба Конститутсияи он кишварро қабул кард. Вакилон баргардонии номи пойтахти он кишварро ба Остона ва маҳдудсозии муҳлати президентиро ба як давраи 7-сола ҷонибдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG