Ссылки доступа

Узбекистон аз муҳоҷиронаш хост, ба сафи артиши хориҷӣ напайванданд


Додситонии кулли Узбекистон 21 сентябр, баъди имзои фармони президенти Русия Владимир Путин дар бораи басиҷсозӣ ба муҳоҷирони кишвари худ ҳушдор дод, ки шахсони ҷалбшуда ба артиши хориҷӣ то 10 сол зиндонӣ хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои додситонӣ, қисми якуми банди 154-и Кодекси ҷиноии Узбекистон барои иштирок дар амалиёти ҷангии хориҷӣ аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

"Аз ин рӯ, мо ҳамватанони худро, ки дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, даъват менамоем, то ба сафи қувваҳои мусаллаҳи хориҷӣ шомил нашаванд ва дар амалиёти ҷангии онҳо иштирок накунанд. Бори дигар ҳушдор медиҳем, ки чунин амалҳо боиси ҷавобгарии ҷиноӣ мешаванд", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Владимир Путин рӯзи чоршанбе фармон дар бораи басиҷсозии низомиро имзо кард. Путин гуфт, басиҷсозӣ барои "ҳифзи кишвар ва тамомияти он" ва инчунин зарурати амалиёти низомӣ бо Украина муҳим аст.

Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басиҷ мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, дар маҷмуъ 300 ҳазор низомӣ аз ҳисоби неруҳои захиравӣ басиҷ карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG