Ссылки доступа

Дар Қазоқистон беш аз 1,5 ҳазор гумонбари ҳодисаҳои январиро афв мекунанд


Додситонии кулли Қазоқистон 23 сентябр дар чаҳорчӯби лоиҳаи қонуни афви гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи ин кишвар санадеро таҳия ва барои баррасии умум пешниҳод кардааст.

Ба иттилои манбаъ, қонуни афв нисбати беш аз 1,5 ҳазор ҳазор сокини Қазоқистон тадбиқ хоҳад шуд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи додситонҳои қазоқ, 383 гумонбар ва 1035 айбдоршуда, ки 93 нафарашон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, афв карда мешаванд.

Додситонии кулли Қазоқистон пешниҳод кардааст, ҳамаи онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд, афв шаванд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қаблан барои иштирокдорони ҳодисаҳои моҳи январ афви якдафъаина ваъда кард. Ӯ низ гуфт, афв ба шаҳрвандоне дахл хоҳад дошт, ки ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла хиёнат ба давлат ва кушиши ғасби қудрат аз роҳи хушунат айбдор намешаванд.

XS
SM
MD
LG