Ссылки доступа

Ваъдаи мақомот: манзилҳои харобшуда дар муноқишаи марзӣ барқарор мешаванд


Пас аз як ҳафтаи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомот барои оилаҳои зарардида аз Душанбе кӯмак фиристодаанд.

Ба гуфтаи мақомот, корвони кӯмакҳо бо дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 сентябр ба чанд минтақаи марзӣ расид ва мардум тасмим доранд, ба сохтмони хонаҳояшон шурӯъ кунанд. Мақомот дар расондани ин кӯмакҳо як маъракаи таблиғотиро ба роҳ мондаанд, ҳарчанд бархеҳо навиштанд расондани ёрӣ ба мардуми зарардида вазифаи ҷонии ҳукумат аст.

Ёсуман Мақсудоваи хурдсол як ҳафта аст, ки бозӣ намекунад. Ҳавлии онҳо дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара субҳи 16-уми сентябр сӯхт ва ҳама хонаву чизу чораи ин хонавода ба коми оташ рафт. Ҳатто бозичаҳои Ёсуман ҳам хокистар шуданд. Раҷаббой Аҳмадзода ба Умедҷон Мақсудов, падари Ёсуман ваъда дод, ки “тамоми зиёнро барқарор мекунем”.

Дар ду маҳаллаи Сомониён, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир аст, беш аз 20 ҳавлӣ пурра нобуд шуда ё қисман осеб дидаанд. Масъулон ҳанӯз ҳаҷму дараҷаи умумии зарарро муайян накардаанд, вале ба зарардидагон кӯмак тақсим мекунанд.

Дар ҳавлии Урмонбой Сафаров дар деҳаи Сомониён се оила зиндагӣ мекунанд. Сафаров бо ҳасрат мегӯяд, 32 сола меҳнаташ сӯхта нобуд шуд.

“Ягон чиз намондааст. Ин хонаҳое, ки сохта будем қадима буд. Ваъда карданд, аз нав ба тариқи замонавӣ бунёд карда медиҳанд. Мо дар ҳаққи онҳо дуо мекунем ва руҳафтода нестем,”-гуфт ин сокини ҷамоати Чоркуҳ.

Мақомот гуфтанд, кӯмакҳое, ки аз Душанбе расиданд, аз 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, даҳҳо тонна ангишт, орд, равған, биринҷ ва шакар иборатанд.

Мақомот аз номи президент расидани ин ёриҳоро таъкид мекунанд. Он ҳам дар ҳоле, ки пайём надодан ва шахсан таъзия баён накардани раҳбари Тоҷикистон суолбарангез шудааст. Раҳбарони Қирғизистон борҳост аз руйдодҳои марз суҳбат мекунанд ва ҳайатеро аз намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва расонаҳои хориҷӣ ба вилояти Бодканд оварданд, то ҳаҷми осебро ба онҳо нишон диҳанд.

Мақомоти ҳарду тараф нигаронанд, ки оё то расидани сардиҳои зимистон хоҳанд тавонист, мардуми осебдидаро бо манзил ва маводи ниёзи аввал таъмин намоянд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар ин бобат сокинонро дилпур мекунад, ки ёрии давлат давомдор хоҳад буд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, “мо зудтар ҳаракат дорем бо дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ шуморо ба зиндагии осоишта баргардонем ва хонаатонро барқарор кунем. Шароитатонро беҳтар гардонем, ки зиндагиро пеш баред”

Ба ҷуз аз мақомот, фаъолон низ ба ҷамъоварии кӯмак ба оилаҳои зарардида аз муноқишаи марзӣ оғоз кардаанд. Пас аз зӯҳри 20-уми сентябр як мошини ҳомили ёриҳои ҷамъкардаи фаъолон ва шахсони хайрхоҳ аз Душанбе ба шаҳри Исфара рафт. Дар Хуҷанд низ ризокорон (волонтёрон) ва созмонҳои хайрия нуқтаҳои ҷамъоварии кумакҳоро фаъол кардаанд. Чандин нафар омодагии худро барои мадад ба зарардидагон баён карданд. Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки расондани ёриро ба зарардидагон вазифаи ҷонии ҳукумат медонанд. Мақомот гуфтанд, аллакай ба афроди осебдида мадад расондаанд.

Дар пайи даргириҳои марзии 14-17 сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳҳо хона валангор ва садҳо нафар бехонумон гаштаанд. Сокинон ҳоло дар хонаи хешу табор ё иҷора зиндагӣ мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳаҷми зарарро пурра нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG