Ссылки доступа

Басиҷсозӣ дар Русия нархи хонаро дар Қазоқистон гарон кард (гулчин)


Kazakhstan. Landscape on the road to Almaty. Photo by Nikolai Losev

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Басиҷсозӣ дар Русия нархи хонаро дар Қазоқистон гарон кард. (видео)

- Мақомоти қазоқ аз сабтиноми ҳизбҳои нави сиёсӣ худдорӣ мекунанд. (видео)

- Хурдтарин қурбонии ҳодисаҳои марзӣ бо Қирғизистон се сол дошт. (видео)

- Билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон гарону камчин шуд. Ба иттилои намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, аз 21-уми сентябр арзиши билети парвоз аз Русия боло рафт. Онҳо рӯзи 22-юми сентябр дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, агар як рӯз пеш нархи билет аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе аз 1,5 ҳазор сомонӣ сар мешуд, ҳоло то ду баробар афзудааст. (видео)

- Осиё: басиҷсозӣ дар Русия ба Осиёси Марказӣ чи хатар дорад. (видео)

- Шиносномаи Русия дар ивази сарбозӣ. Чӣ назар доред? ​Мақомоти Маскав гуфтанд, ки дар маркази "Сахарово" барои ҷалби муҳоҷирон ба хидмати ҳарбӣ дар ивази шиносномаи Русия бахшеро таъсис хоҳанд дод. Иддае онро роҳи осони дарёфти шаҳрвандӣ медонанд. Дигарон хатар доранд. Шумо чӣ? (видео)

- Барқарор намешаванд. Иншоотҳои тахрибшудаи Бодканд. (видео)

- Пешниҳоди "Рӯзи мотами миллӣ" дар Тоҷикистон. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод доранд, ки барои гиромидошти қурбониёни муноқишаи марзӣ дар Тоҷикистон рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад. Оё ҳукумат мепазирад? (видео)

- Остона аз "Нурсултон" халос шуд. (видео)

- Мотами хонаводаҳо дар Чоркӯҳи Исфара.​ Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон чандин оила дар Исфара мотам доранд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз пайвандонашон куштаву захмӣ шуда, хонаашон ба коми оташ рафтааст. (видео)

-Кумак ба Бодканд. Дар минтақаҳои Қирғизистон ҷамъоварии маблағ барои сокинони Бодканд идома дорад. (видео)

- Дар Овчӣ-Қалъача чӣ шуд? Нақли сокинон. Ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, яке аз саҳнаҳои даргирии рӯзи 16-уми сентябр будааст. Ба гуфтаи сокинон, “муноқиша асосан дар маҳаллаи марзии Баҳор гузашт” ва “дар натиҷа, зиёда аз даҳ нафар куштаву захмӣ шуда, дастикам 5 ҳавлӣ осеб дид ва як мағоза пурра сӯхт” (видео)

- Як қурбонии ҷанҷоли марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд.
Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд (видео)

- Гузориш аз наздикии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон.
Вазъ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон чӣ гуна аст? Гузориши Фарзон Муҳаммадиро бинед (видео)

- Чаро Русия Ҳизби наҳзатро созмони террористӣ эълон кард?
Додгоҳи олии Русия 14-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард. Баъд аз 7 соли муроҷиатҳои Тоҷикистон. Муомилаи сиёсӣ, ё сабаби дигар?. Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Абдусаттор Бобоев, узви раёсати ҳизби наҳзати исломӣ баҳс мекунанд (видео)

- Низои марзии Арманистону Озарбойҷон: низоъ аз чӣ сар зад ва ҷонибҳо чи гуна аз он берун меоянд (видео)

- «Дунё тағйир меёбад». Масадиков дар бораи зарурати сохтмони роҳи оҳани «Чин-Қирғизистон-Узбекистон» (видео)

- Мубаллиғони Кремл Қазоқистонро ҷумҳурӣ наменоманд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG