Ссылки доступа

Бонки ҷаҳонӣ ба зарардидагони Покистон аз офати табиӣ $2 миллиард кӯмак мекунад


Бонки ҷаҳонӣ ба офатзадагони Покистон 2 миллиард доллар кӯмак мекунад. Дар натиҷаи боронҳои тӯлонӣ ва обхезӣ дар Покистон ҳудуди 1600 одам фавтидааст. Ҳукумати Покистон имкон надорад, ки ба ҳамаи зарардидагон ёрӣ расонад.

Ноиб-президенти Бонки ҷаҳонӣ Мартин Райзер рӯзи 24 сентябр ба Покистон рафт ва бо вазъи офатзадагон шинос шуд. Райзер ваъда дод, ки кӯмаки Покистонро аз 850 млн ба 2 млрд доллар хоҳад расонид.

Дар вилоятҳои Синд ва Балуҷистони Покистон 33 миллион кас аз офатҳо зарар диданд. Роҳҳо ва дигар зерсохторҳо тахриб шуданд. Заминҳои кишт зери обу лой монданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хатари паҳншавии бемориҳо ҳушдор дод.

Рӯзи 23 сентябр дар вилояти Синд ба ҳукумати марказии Покистон муроҷиат ва дархости ирсоли пизишконро барои мубориза бо вараҷаву дарунравӣ карданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, дар ин вилоят 600 одам аз бемориҳои мухталиф фавтида, 300 каси дигар ба варача мубтало шудааст. Дар вилоят 25 ҳазор кӯдак гурусна аст.

Пештар аз ин Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфта буд, ки барои барқарории Покистон 30 миллиард доллар зарур аст.

XS
SM
MD
LG