Ссылки доступа

Тирпарронӣ дар як мактаби Русия: чанд кас кушта шуд


Дар шаҳри Ижевски Русия, дар мактаби №88 тирпарронӣ рух дод. Александр Бречалов, роҳбари Удмуртияи Русия гуфт, дар ин тирпарронӣ муҳофизи мактаб ва чанд кӯдак кушта шудааст. Ҳамлагар худкушӣ кардааст.

Бахши корҳои дохилии минтақаи Удмуртия гуфт, дар натиҷаи тирпарронӣ 6 кас кушта, 20 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Ангезаҳои ин тирпарронӣ маълум нест ва шахсияти ҳамлагар низ муайян нашудааст. Расонаҳо навиштанд, ҳамлагар марде буд, ки либоси сиёҳ дар тан дошт.

Бори охир дар Русия дар моҳи октябри соли 2021 дар мактаби деҳаи Сарси наздикии Перм тирпарронӣ шуда буд. Он замон навраси 12-сола бо силоҳи шикорӣ ба мактаб омада, ба сақфу деворҳои мактаб тир холӣ кард. Он замон касе зиён надида буд. Наврасро боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG