Ссылки доступа

Нигарониҳо аз тақдири Болот Темиров дар пасманзари эъломи басиҷ дар Русия


Як гурӯҳ аз рӯзноманигорон ва фаъолони Қирғизистон дар робита ба парвандаи ҷиноӣ зидди хабарнигори таҳқиқотгар Болот Темиров изҳоротеро нашр карданд.

Муаллифони изҳорот бо изҳори "нигаронии шадид" аз тақдири Темиров дар пасманзари сафарбаркунӣ ба ҷанги Украина гуфтаанд, эҳтимол аст, додгоҳ рӯзноманигорро ба сохтакории шиносномаи Қирғизистон айбдор ва ба Русия ихроҷ кунад.

"Дар ин замина суханҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Маҷмаи умумии СММ бояд зикр кард, ки гуфт, "Бишкек Оинномаи созмонро қатъиян ва пайваста риоя карда, кушиш мекунад, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад". Бар асоси гуфтаҳои боло, ҷомеаи расонаии Қирғизистон талаб дорад, ки Темиров ба далели набудани таркиби ҷиноят дар кирдораш аз тамоми айбҳо сафед карда шавад”, - омадааст дар изҳорот.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард. Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Тошиевро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар "Фейсбук" навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Хабарнигор шаби 22-юми январ дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира карда шуданд. Дертар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд.

Чанд рӯз баъд дар интернет сабтҳои пинҳонии навор ва садои зиндагии шахсии рӯзноманигор Болот Темиров ва ҳамкорони ӯ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG