Ссылки доступа

Истеъмолгарони Узбекистон аз пули "кешбэк" $38 млн андоз супурдаанд


Кумитаи давлатии андози Узбекистон ҳаҷми пардохтҳои "кешбэк"-ро дар 8 моҳи соли равон дар ин кишвар ҳисоб кардааст.

Ба иттилои кумита, моҳи августи имсол дар Узбекистон 787 937 истеъмолгар 80,9 миллиард сӯм ($7,3 млн) дарёфт кардааст.

Гуфта мешавад, ки пас аз рафъи камбудиҳо дар ҳисоботи андоз ва кам кардани қарзи андоз дар моҳҳои январ-июли соли равон боз 2,7 миллиард сӯм ($244 ҳазор) "кешбэк" пардохт шудааст.

Маблағи умумие, ки 1 168 591 аз аввали сол пардохт кардааст, 421,3 миллиард сӯм (беш аз $38 млн.)-ро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG