Ссылки доступа

Вазорати адлияи Қазоқистон банди "зидди ҳама"-ро дар баргаҳои интихоботӣ натавонист, шарҳ диҳад


Канат Мусин, вазири адлияи Қазоқистон, ки ҳамзамон масъули тарҳи қонуни воридсозии тағйирот ба қонунгузории интихоботи он кишвар аст, натавонист банди "зидди ҳама"-ро дар баргаҳои интихоботӣ шарҳ диҳад.

"Бино ба қонун, баргаҳое, ки "зидди ҳама" раъй дода шудаанд, ҳангоми шуморидани теъдоди иштирокдорон ба инобат гирифта мешаванд, аммо ҳангоми натиҷагирии интихобот ба эътибор гирифта намешаванд, зеро ин баргаҳо ба ҷонибдории ҳеч кадом аз номзадҳо нестанд", - гуфт вазири адлияи Қазоқистон.

Рӯзноманигорон аз вазир пурсиданд, ки "пас ин банд чӣ аҳамияте дорад, дар сурате, ки ба эътибор гирифта нашавад?"

Вазир посухи худро такрор, аммо шарҳ надод, ки "банди зидди ҳама" чаро ба натиҷаҳои раъйпурсӣ таъсир намерасонад.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти амалкунандаи Қазоқистон рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ аз интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ хабар дод. Интихоботи пеш аз муҳлат 20 ноябр таъйин шудааст. Бори аввал аст, ки дар баргаҳои раъйдиҳӣ дар Қазоқистон банди "зидди ҳама" ҷо дода мешавад.

Пештар аз ин Тоқаев қонунеро имзо кард, ки муҳлати президентӣ дар он кишварро ба як давраи 7-сола маҳдуд мекунад.

Пешбарии номзадҳо ба интихоботи президентӣ 23 сентябр шуруъ шуда, шоми 11 октябр ба поён мерасад. Тоқаев гуфт, ки дар интихобот номзад мешавад.

XS
SM
MD
LG