Ссылки доступа

Назари сокинон дар бораи "мизбонӣ" аз шаҳрвандони Русия (гулчин)


CRIMEA - - Sudak - Ukraine, 26Aug2021
CRIMEA - - Sudak - Ukraine, 26Aug2021

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ранҷи муҳоҷирон аз таҷовузи Русия ба хоки Украина. Таҷовузи Маскав ба хоки Украина дар аввали имсол боиси таҳримҳои сахти ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва вазъи иқтисоди Русия, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро, ки дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд, душвор кард. (видео)

- Назари сокинон дар бораи "мизбонӣ" аз шаҳрвандони Русия.
Бо онки рӯзҳои охир теъдоди зиёди шаҳрвандони Русия дар гӯшаҳои Тоҷикистон дида мешаванд, Вазорати корҳои дохилӣ намегӯяд, ки пас аз оғози “мобилизатсия” чӣ қадар аз шаҳрвандони Русия ба кишвар омаданд. Мардум дар бораи тарзи мизбонӣ аз онҳо баҳс доранд (видео)

- Ворухиҳо пас аз низоъ дар марз чӣ ҳол доранд? ​Ҷамоати Ворухи ҳаммарз бо Қирғизистон дар муноқиша дар сарҳад нафақат шоҳиди ҷангу хисорот гардид, балки сокинонаш мегӯянд, чандин рӯз ба шаҳр низ рафта натавонистанд. Рӯзи 14-уми сентябр байни сарҳадбонони ду кишвар дар Ворух сар зад ва вазъи ин минтақа нигаронкунанда мондааст. (видео)

- Муроҷиати Гулнора-апа сокини қирғизтабори Тоҷикистон ба ҳамватанонаш.​ Гулнора, як қирғизтабори Тоҷикистон, дар ин муроҷиати видеоӣ мардуми ду кишварро ба сулҳ даъват мекунад. Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14 -17 сентябр муноқиша бархост ва аз ҳарду тараф даҳҳо нафарро куштаву захмӣ бар ҷой гузошт. (видео)

- Басиҷсозӣ дар Русия нархи хонаро дар Қазоқистон гарон кард. (видео)

- Мақомоти қазоқ аз сабтиноми ҳизбҳои нави сиёсӣ худдорӣ мекунанд. (видео)

- Хурдтарин қурбонии ҳодисаҳои марзӣ бо Қирғизистон се сол дошт. (видео)

- Билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон гарону камчин шуд. Ба иттилои намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, аз 21-уми сентябр арзиши билети парвоз аз Русия боло рафт. Онҳо рӯзи 22-юми сентябр дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, агар як рӯз пеш нархи билет аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе аз 1,5 ҳазор сомонӣ сар мешуд, ҳоло то ду баробар афзудааст. (видео)

- Осиё: басиҷсозӣ дар Русия ба Осиёси Марказӣ чи хатар дорад. (видео)

- Шиносномаи Русия дар ивази сарбозӣ. Чӣ назар доред? ​Мақомоти Маскав гуфтанд, ки дар маркази "Сахарово" барои ҷалби муҳоҷирон ба хидмати ҳарбӣ дар ивази шиносномаи Русия бахшеро таъсис хоҳанд дод. Иддае онро роҳи осони дарёфти шаҳрвандӣ медонанд. Дигарон хатар доранд. Шумо чӣ? (видео)

- Барқарор намешаванд. Иншоотҳои тахрибшудаи Бодканд. (видео)

- Пешниҳоди "Рӯзи мотами миллӣ" дар Тоҷикистон. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод доранд, ки барои гиромидошти қурбониёни муноқишаи марзӣ дар Тоҷикистон рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад. Оё ҳукумат мепазирад? (видео)

- Остона аз "Нурсултон" халос шуд. (видео)

- Мотами хонаводаҳо дар Чоркӯҳи Исфара.​ Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон чандин оила дар Исфара мотам доранд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз пайвандонашон куштаву захмӣ шуда, хонаашон ба коми оташ рафтааст. (видео)

-Кумак ба Бодканд. Дар минтақаҳои Қирғизистон ҷамъоварии маблағ барои сокинони Бодканд идома дорад. (видео)

- Дар Овчӣ-Қалъача чӣ шуд? Нақли сокинон. Ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, яке аз саҳнаҳои даргирии рӯзи 16-уми сентябр будааст. Ба гуфтаи сокинон, “муноқиша асосан дар маҳаллаи марзии Баҳор гузашт” ва “дар натиҷа, зиёда аз даҳ нафар куштаву захмӣ шуда, дастикам 5 ҳавлӣ осеб дид ва як мағоза пурра сӯхт” (видео)

- Як қурбонии ҷанҷоли марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд.
Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд (видео)

- Гузориш аз наздикии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон.
Вазъ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон чӣ гуна аст? Гузориши Фарзон Муҳаммадиро бинед (видео)

- Чаро Русия Ҳизби наҳзатро созмони террористӣ эълон кард?
Додгоҳи олии Русия 14-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард. Баъд аз 7 соли муроҷиатҳои Тоҷикистон. Муомилаи сиёсӣ, ё сабаби дигар?. Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Абдусаттор Бобоев, узви раёсати ҳизби наҳзати исломӣ баҳс мекунанд (видео)

- Низои марзии Арманистону Озарбойҷон: низоъ аз чӣ сар зад ва ҷонибҳо чи гуна аз он берун меоянд (видео)

- «Дунё тағйир меёбад». Масадиков дар бораи зарурати сохтмони роҳи оҳани «Чин-Қирғизистон-Узбекистон» (видео)

- Мубаллиғони Кремл Қазоқистонро ҷумҳурӣ наменоманд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG