Ссылки доступа

Тоқаев аз "дурӯғпароканӣ" ва "ҳамлаҳои киберӣ" хабар ва онҳоро ба интихобот рабт дод


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, "дар хориҷ одамоне ҳастанд, ки ба дастовардҳои Қазоқистон ҳасад мебаранд".

Тоқаев афзуд, онҳо "ҳамлаҳои иттилоотиро созмон медиҳанд".

"Албатта, баъди интихобот гуфтумонҳо зиёд мешаванд. Ба илова, одамоне пайдо хоҳанд шуд, ки хилофи манфиатҳои кишвар мераванд, иттилои дурӯғ паҳн мекунанд. Мо бояд эҳтиёткор бошем. Баъди эълони интихобот дурӯғҳои зиёде пайдо шуданд, ҳамлаҳои киберӣ шуруъ гардиданд. Ин худ ба худ пайдо нашудааст. Неруҳои алоҳидаи хориҷӣ тасмим доранд, дар кишвари харҷу марҷ роҳандозӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд, аз тағйироти мусбат дар Қазоқистон пешгирӣ кунанд", - илова кард Тоқаев.

Ин суханронии президенти Қазоқистон дар ҳолест, ки ахиран расонаҳои дар бораи дороиҳои Тоқаев таҳқиқоти журналистиеро нашр карданд. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, Тоқаев дар ширкатҳои истихроҷи нафт ва филизоти камёфт саҳмия доштааст.

Баъди нашри ин таҳқиқот дар Қазоқистон дастрасӣ ба сомонаҳоеро бастанд, ки онро нашр карда буданд.

Тоқаев, ки президенти амалкунандаи Қазоқистон аст, рӯзи 1 сентябр соли ҷорӣ аз интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ хабар дод. Интихобот 20 ноябр таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG