Ссылки доступа

Дар Фарғонаи Узбекистон рӯзноманигор Азиз Юсупов боздошт шуд (видео)


Азиз Юсупов.
Азиз Юсупов.

Эътилоф оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва чаҳор созмони дигар боздошти рӯзноманигори узбекистонӣ Азиз Юсуповро маҳкум карданд.

Дар изҳороти созмонҳо омадааст, ки Азиз Юсупов ҳам ҳомии ҳуқуқ, ҳам рӯзноманигори мустақил ва ҳам маҳбуси пешини сиёсист.

"Ҳабси Азиз Юсупов ваъдаҳои ҳукумати Узбекистонро барои ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон зери шубҳа мегузорад", - гуфт Бриҷит Дюфур, мудири созмони байналхалқии "Ҳамкории байналхалқӣ барои ҳуқуқи инсон".

Юсуповро рӯзи 25 сентябр боздошт шуд. Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон ӯро бо гумони нигаҳдории маводи мухаддир ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Дар сурати исботи ин айб ӯро метавонанд, то 5 сол зиндонӣ кунанд.

Азиз Юсупов айби эъломшударо рад кардааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, парвандаи Юсупов тақаллубӣ буда, мақомот мехоҳанд, ӯро барои фаъолиятҳояш дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷазо диҳанд.

Азиз Юсупов дар солҳои 90-уми асри гузашта аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯч бастааст.

Соли 2016 Юсуповро бо айби нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир 8 сол зиндонӣ карда буданд. Таҳти фишори байналхалқӣ ӯро соли 2019 аз зиндон озод карданд.

Мақомоти Узбекистон боздошт ва ҳабси Юсуповро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG