Ссылки доступа

Раққос Полунин: Вазорати хориҷаи Русия ба Узбекистон "таъзим" кард


Раққос Сергей Полунин вазорати корҳои хориҷии Русияро бо он айбдор кард, ки ба вай иҷозаи баргузории консерт дар Майдони сурхи Москваро надодааст.

Як рӯз пеш аз консерти ваъдагӣ дар таърихи 30 сентябр Полунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ибтидо ӯро ба ин чорабинӣ даъват, аммо дертар бидуни тавзеҳ ҳунарнамоии ӯро бекор кардаанд. Полунин ҳамчунин навишт, ки бино ба иттилои вай, ба ҳунарнамоияш вазорати корҳои хориҷии Русия бо дархости вазорати корҳои хориҷии Узбекистон монеъ шудааст. Полунин илова кард, ки Русия дар назди Узбекистон "таъзим" кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Сергей Полунинро пештар дар Узбекистон, барои рақс дар суруди бахшида ба сарбозони рус, "дағалона" танбеҳ доданд.

Ҳунарманд мегӯяд, созмондиҳандагони чорабинӣ ба сӯи ӯ дод зада, хомӯш кардани мусиқиеро талаб карданд, ки дар он мерақсид. Ҳамчунин намояндагони Сандуқи рушди фарҳанг ва санъати Узбекистон гӯиё бо ӯ дағалона рафтор карда, аз пардохти музд худдорӣ кардаанд. Полунин аз сафорати Русия хоҳиш кард, ки ӯро ҳимоя кунад.

Мақомоти узбек дар вокуниш ба иддаои ҳунарманди рус, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфтанд, Полунин барои берун рафтан аз шартҳои қарордод ҳушдор дода шудааст.

Хабаргузории "Рейтер" навиштааст, ки Полунин дар суруди "Биёед бархезем" рақсидааст. Ин тарона ба артиши Русия бахшида шуда, бори аввал рӯзи 23 феврал, яъне як рӯз пеш аз ҳамла ба Украина иҷро шуда буд.

Сергей Полунин рӯзҳои 25-26 сентябр дар Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон консерт баргузор кард.

XS
SM
MD
LG