Ссылки доступа

Сафорати Қирғизистон дар Русия басиҷсозии муҳоҷирони қирғизистониро рад кард


Сафорати Қирғизистон дар Русия хабарҳо дар бораи басиҷи низомии шаҳрвандони хориҷиро дар Русия шарҳ дод.

Сафорати Қирғизистон санадеро дурӯғин унвон кард, ки дар он омадааст, вазорати корҳои дохилии Русия шуруъ аз 1 октябр бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро барои басиҷи низомӣ даъват кунад. Дар санаде, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, омадааст, дар сурати саркашӣ ҳаққи кори муҳоҷирон бекор ва онҳо аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд.

"Ин иттилоъ воқеият надорад. Сафорат дубора аз қирғизистониҳо даъват мекунад, ба иттилои нодуруст дода нашаванд ва маълумоти ғайривоқеиро бознашр накунанд", - омадааст дар муроҷиати сафорати Қирғизистон.

Имзои қарори басеҷ ё мобилиатсияи нисбӣ, ки онро рӯзи 21-уми сентябр президенти Русия Владимир Путин имзо кард, боиси фирори мавҷи азими мардону ҷавонони синни хидмат аз Русия шуд. Наздиктарин марзҳои Русия - Қазоқистон, Гурҷистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Арманистону Финляндия макони фирори мардони синни даъват аз Русия мешаванд ва бовар меравад, ки на камтар аз 250 ҳазор мардон сарҳади Русияро убур карда ба хориҷа рафтаанд.

Радио Свобода менависад, президент Путин дар изҳороте 29-уми сентябр маҷбур шуд эътироф кунад, ки “дар ҷараёни басеҷ хатоҳои фароворе роҳ дода шуд”. Ӯ амр дод, ки нафарони ғайриқонунӣ ба артиш бурдашуда ба хонаҳояшон баргарданд. Дар миёни мушкилоту камбудиҳое, ки ёд мешаванд, ин шеваи ташкили даъват ба артиш, таъминот, шароити маишии зисту нигаҳдории сарбозон ва дигарҳо мебошанд.

Мақомот дар Русия инчунин тақозо карданд, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Русия мераванд, басеҷ шаванд, дар ҳоле, ки аксари ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандонаш ба ҷангҳои бегонаро манъ ва ҷиноят арзёбӣ мекунад.

Бархе нозирон мегӯянд, басеҷи мардум ба артиш ба обрӯи Русия зарбаи шадид зад ва ҳоло Путин аз роҳи гӯё эътироф кардани хатоҳо мехоҳад дили мардумро ба даст оварад.

XS
SM
MD
LG