Ссылки доступа

Президенти Узбекистон ба Маҷористон меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 3 ва 4 октябр сафари расмиеро ба Маҷористон анҷом хоҳад дод.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон хабар додааст, ки Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар бо президент ва сарвазири Маҷористон – Каталин Новак ва Виктор Орбан мулоқот карда, чандин санади ҳамкорӣ имзо мекунад.

Манбаъ афзуда, ки ин сафари Мирзиёев бар асоси тавофуқҳое, ки дар ҷараёни гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар дар моҳи марти имсол дар шаҳри Тошканд ҳосил шуда буд, “боздиди ҷавобӣ” аст.

Интизор меравад, ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳо, пеш аз ҳама дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, молия ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ кунанд.

Мулоқоти президенти Узбекистон бо мудирони ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи Маҷористон низ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG