Дар ин бора вазорати рушди рақамии Русия хабар медиҳад.
"Баъди машварат бо ширкати Veon (молики Beeline Қазоқистон), вазорати рушди рақамӣ иттилоъ ёфт, ки ширкати Beeline Қазоқистон нақшаҳояшро тағйир ва пахши барномаҳои телевизионҳои Русияро идома медиҳад", - омадааст дар хабари вазорати рушди рақамии Русия.
Пештар аз ин ширкати мобилии Beeline Қазоқистон бо ирсоли як паёмак хабар дод, ки пахши шабакаҳои телевизионии Русия дар бастаи "Интернети телевизионӣ дар хона" ва хидматрасонии "BeeTV" аз 5 октябри имсол қатъ карда мешавад.
Сухан аз шабакаҳои "Дом кино", "Победа", "О!", "Первый канал СНГ", "НТВ МИР", "Карусель International", "Россия 24", "Музыка Первого", "РТР Планета", "Время: далекое и близкое", "Телекафе", "Поехали", "Дом кино Premium HD", "Бобёр" ва "Россия К" меравад.
Дар паёмак гуфта мешуд, ки шабакаҳои мазкур бо шабакаҳои "Еврокино", "Любимое Кино", "1HD music" ва "Еда Премиум HD" иваз карда мешаванд.
Баъди ҳамлаи низомии Русия ба Украина, дар Қазоқистон аз таъсири таблиғоти давлатии Кремл ба худшиносии миллии қазоқистониён тавассути расонаҳои рӯ ба Москва бештар нигаронӣ мешавад.