Ссылки доступа

Гумонбари чаҳорум дар таҷовузи навраси қирғиз 8 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон гумонбари чаҳорум дар таҷовузи духтари 13-соларо 8 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳамчунин чаҳор гумонбари парванда вазифадор шудаанд, ки ба ҷониби ҷабрдида 100-ҳазорсомӣ (ҳудуди 1200-долларӣ) ҷуброни зарарӣ маънавӣ супоранд. Айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз додгоҳ хоста буд, ки гумонбаронро 9-солӣ зиндонӣ кунад.

Қаблан додгоҳи ноҳияи Свердлови Бишкек ду корманди пулисро 15-солӣ ва корманди "Дордой"-ро дар робита ба тавоҷузи ноболиғ 10 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Ба гуфтаи вакил, волидони наврас аз ҳукм розӣ ҳастанд.

Расонаҳои Қирғизистон қаблан навишта буданд, ки айбдоршавандаҳо духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд. Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон сару садои зиёде ба бор овард. Фаъолон истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG