Ссылки доступа

Раиси порлумони Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дод


Талант Мамитов 5 октябр аз мақоми раисии порлумони Қирғизистон истеъфо дод.

Вай дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, бо "хоҳиши худаш истеъфо додааст". "Сабаб ҳодисаи чанд рӯз пеш дар порлумон аст. Мо ихтиёран ба вилояти Бодканд рафтем. Бархе аз вакилон ин масъаларо дар порлумон матраҳ кардан ва он расонаӣ ҳам шуд. Ман он замон тасмим гирифта будам, ки ариза навишта, ба Бодканд равам, вале бо хоҳиши ҳамкорон муваққатан салоҳиятҳои худро дар ихтиёри муовини раиси порлумон гузоштам. Вале имрӯз тасмим гирифтам, ки бо хоҳиши худ аз раисии порлумон канорагирӣ кунам", - изҳор дошт Мамитов.

Вакилони порлумони Қирғизистон 22 сентябри имсол баъди низои навбатӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14 ва 16 сентябри соли равон сар зад, пушти дарҳои баста вазъро баррасӣ карданд. Дар натиҷа тасмим гирифтанд, ки ба вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Тоҷикистон рафта, бо сокинон мулоқот кунанд.

Раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Бутун Кыргызстан" Адахан Мадумаров 28 сентябр хабар дод, ки раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба он ҷаласаи пӯшида ду сандуқ силоҳ бурда буд. Дертар акси вакилони порлумони Қирғизистон бо силоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Талант Мамитов яке аз ҳампаймонҳои сиёсии наздики президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аст ва ӯ баъди ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2020 дар он кишвар раиси порлумон интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG