Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров гуфт, суханҳои Захарова хилофи шарикии стратегии Остона ва Москва аст. "Ба назари мо, оҳанги изҳороти вай ба табиати муносибатҳои ҳампаймонии Қазоқистон ва Русия ҳамчун шарикони баробарҳуқуқи стратегӣ созгор намебошад", - изҳор доштааст ӯ.
Ба гуфтаи Смадияров, "мавқеи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон роҷеъ ба "рафтори иғвоангезонаи Петр Врублевский ба ҷониби Украина расонида ва ҳамчунин гуфта шуд, "изҳоротҳои Врублевский, ки ба эҳсосоти қазоқистониён, аз ҷумла сокинони рустабори кишвар "нохун мезананд", ғайриқобили қабул аст.
Захарова як рӯз пеш изҳори норозигӣ кард, ки сафири Украина дар Қазоқистон Петр Врублевский ба Остона баргаштаааст ва ӯро ба ҳайси раҳбари намояндагии дипломатӣ қабул карданд. Ӯ дипломати украиниро "русбадбини ҷангҷӯй" ва "миллатгарои нафратовар" номид.