Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон гуфт, русиягиҳо набояд аз истирдод ҳарос дошта бошанд


Дар мусоҳиба бо нашрияи New York Times президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, русиягиҳое, ки аз "мобилизатсия" фирор кардаанд, набояд аз истирдод ҳарос дошта бошанд.

Вай илова кард, барои Қирғизистон "ин падидаи нав аст" ва шаҳрвандони Русия метавонанд, "инҷо омада, озодона кор кунанд".

Ҷабборов гуфт, ки дар бораи теъдоди вуруди шаҳрвандони Русия ба Қирғизистон иттилоъ надорад.

"Мо аз ин фоидаашро мебардорем, на зарарашро", - гуфт Ҷабборов.

Баъди эъломи басиҷи низомӣ ё "мобилизатсия" дар таърихи 21 сентябри соли ҷорӣ дар Русия ҳазорон шаҳрванди он кишвар ба хориҷ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор карданд.

Якбора афзудани сафари теъдоди шаҳрвандони Русия ба Осиёи Марказӣ билети ҳавопаймо ба ин кишварҳоро гарону камёфт ва меҳмонхонаҳоро пур аз меҳмонон кардааст.

XS
SM
MD
LG