Ссылки доступа

Сокинони Узгени Қирғизистон барои обанбори Кампиробод гирдиҳамоӣ доранд


Дар ноҳияи Узгени Қирғизистон наздики 50 сокини деҳаи Қизил-Октябр барои обанбори Кампиробод гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Онҳо талаб доранд, мутахассисон биёянд ва қитъаҳоеро нишон диҳанд, ки ба ҷониби Узбекистон дода шудааст.

"Бо ҷамъомадагон пулис гуфтугӯ дорад. Пулис мегӯяд, хайма задан иҷозат нест. Пулис шабона хаймаеро барканд, ки сокинон сохта буданд", - гуфт сокини маҳаллӣ Қодирбек Қарабоев.

Ахиран сокинони маҳаллӣ гуфтанд, даст ба гирдиҳамоии бемуҳлат мезананд. Аммо пулис талаби қатъи гирдиҳамоиро дорад.

Ахиран президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук вохӯрияшро бо сокинони ноҳияи Узген дар робита ба тақдири обанбори Кампиробод шарҳ дод.

Ба гуфтаи Ҷабборов, қаблан обанбор пурра таҳти назорати Узбекистон қарор дошт ва минбаъд ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки барои "идораи баробари сарбанд" корхонаи муштарак таъсис диҳанд.

"Шартномаро пас аз баррасӣ шудан дар порлумон ба мардум пешниҳод мекунем ва дар бораи заминҳое, ки моликияти мо шудаанд, маълумот медиҳем. Шумо бояд сабр кунед. Зиёда аз 99%-и ҳудудҳои баҳсӣ аз мо шуданд. Мо сатҳи обро паст кардем. Дар натиҷа 1246 ҳектар замини назди соҳили обанбор озод шуд ва ҳудудҳо ба ихтиёри мо гузаштанд. Заминҳоро сокинони маҳаллӣ барои обёрии заминҳои кишоварзӣ истифода хоҳанд бурд. Мо дертар дар бораи манотиқи боқимондаи марзӣ маълумот медиҳем”, - навиштааст президент.

Рӯзи 4 октябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯши кишвараш мулоқот кард. Хабар дода мешавад, ки бархе аз сокинон гирдиҳамоӣ ташкил ва талаби мулоқоти боз бо ҳамаи сокинони ноҳияро карданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки обанбори Кампиробод ба Узбекистон дода нашавад.

Моҳи марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, дарғот ё садди обанбор таҳти назорати ҷониби Узбекистон қарор мегирад, аммо захираи обро ҷонибҳо муштаракан истифода мекунанд. Баъди ин изҳорот сокинони Қирғизистон борҳо талаби бекорсозии тасмими мазкурро карданд.

XS
SM
MD
LG