Ссылки доступа

Тоқаев барои иштирок дар интихоботи президентӣ имтиҳон намесупорад


Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон раисҷумҳури кунунии ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаевро ҳамчун номзади "ба талабот ҷавобгӯ" эътироф кард.

Дар натиҷа ба намояндагони Тоқаев варақаҳо дода шуд, то ба ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назарашон имзо ҷамъ кунанд. Ҳар як номзад ба мақоми президентии Қазоқистон барои сабтином шудан бояд ба ҷонибдорӣ аз худ беш аз 118 ҳазор имзо ҷамъ намояд.

Тоқаеви 69-сола барои иштирок дар интихоботи пешазмуҳлати президентӣ аз забони давлатии Қазоқистон имтиҳон намесупорад. Зеро қонун президентҳои амалкунандаро аз супоридани ин имтиҳон озод мекунад.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. То ҳол номзадии раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байналмилалии илмии Остона Майрам Кажикен аз сӯи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи “Аманат”, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф унвон мекунад ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG