Шарл Мишел бо даъвати президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзҳои 26-27 октябр ба шаҳри Остона меояд ва дар мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзад.
Вай рӯзи 28 октябр дар шаҳри Тошканд бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтугӯ мекунад.
"Иттиҳоди Аврупо омодаи тақвияти робитаҳо бо Осиёи Марказӣ ҳаст ва аз ҳамкории минтақавӣ ҳимоят мекунад", - навишт Шарл Мишел.