Дар ин бора хабаргузории ҚазТАГ иттилоъ медиҳад.
Пулиси вилоят ба ин расона гуфтааст, “маълумоти мазкур тибқи салоҳият ба КАМ фиристода шудааст”.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки ду духтар иддао мекунанд, сокинони Петропавловск ҳастанд ва онҳо ин шаҳрро “заминҳои аслии Русия” медонанд. Вақте аз онҳо пурсида мешавад, ки дар интихобот ба кӣ овоз медоданд, духтарон мегӯянд, “ба Путин, на ба Тоқаев”.
Онҳо ҳамчунин иддао мекунанд, ки дӯстонашон -- қазоқҳо дар ҷанги зидди Украина “дар паҳлӯи Русия меҷанганд”. Тибқи қонунгузории Қазоқистон, барои зархаридӣ (моддаи 170-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қазоқистон) муҷозот пешбинӣ шудааст.
Ҳафтаи гузашта расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки дар шаҳри Уралск як сокини маҳаллӣ барои “барангехтани ихтилоф ва ҷудоихоҳӣ” ба додгоҳ кашида мешавад. Гуфта мешавад, Максим Яковченко, як сокини Уралск дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, як қатор шаҳрҳои Қазоқистон бояд “ба Русия дода шаванд”.