Ссылки доступа

Дар Узбекистон аз хонаи се сокини маҳаллӣ беш аз 3 тонна маъдани тило пайдо карданд


Кормандони амнияти давлатии Узбекистон аз манзили се сокини ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди ин кишвар беш аз 3 тонна маъдани тило пайдо кардаанд.

Дар ин бора пулиси Самарқанд хабар додааст.

Ҳамчунин аз хонаи боздоштшудаҳо Д. Ж. (соли таваллудаш 1995), Н. Т. (1969) ва Э. В. (1980) ду кӯраву се осиёбе пайдо шудааст, ки тавассути онҳо аз маъдан тилоро ҷудо мекарданд.

Зидди боздоштшудаҳо тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG