Ссылки доступа

Имсол ҳудуди 200 ҳазор шаҳрванди Русия ба Қирғизистон сафар кардааст


Сардори Раёсати бақайдгирии аҳолии Вазорати рушди рақамии Қирғизистон Нурсултон Сардорбеков 11 октябр хабар дод, ки аз аввали имсол ба ин кишвар 192 ҳазору 258 шаҳрванди Русия ворид шудаааст.

Ба гуфтаи ӯ, 1631 нафари онҳо барои гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон дархост додаанд. Сардорбеков мегӯяд, имсол шумори онҳое, ки барои дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон дархост даанд, афзоиш ёфтааст.

"Теъдоди русиягиҳое, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Қирғизистон омадаанд, нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 30% бештар аст. Дар давоми 9 моҳ 385 шаҳрванди Русия барои дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон муроҷиат карда, 226 нафар шаҳрвандиро дарёфт кардаанд", - изҳор дошт ӯ.

Тибқи фармони президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз 23 сентябр, 1790 кас шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG