Ссылки доступа

Дар Қазоқистон барномаи кӯчонидани сокинонро бознигарӣ карданианд


Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, барномаи кӯчонидани сокинон аз минтақаҳои “сераҳолӣ” ба минтақаҳои “норасоии нерӯи корӣ”-ро бознигарӣ кунанд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир нишондоди нақшавии кӯчонидани сокинон 71 дарсад иҷро шудааст.

"Бо фарорасидани фасли сармо раванди кӯчидани сокинони минтақаҳои ҷанубӣ кунд шуда, эҳтимоли иҷро нашудани нақша вуҷуд дорад", - изҳор дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Тамара Дуйсенова.

Дар Қазоқистон аз соли 2017 барномаи "кӯчонидани ихтиёрӣ"-и шаҳрвандони навоҳии ҷанубӣ ба манотиқи шимолӣ амал мекунад. Дар давоми панҷ соли иҷрои барнома ҳазорҳо хонавода ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудааст.

XS
SM
MD
LG