Ссылки доступа

Узбекистон гуфт, имсол сокинонашро бо барқи бештар таъмин мекунад


Ба истеъмолгарони Узбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон 34 миллиарду 918 миллион киловатт-соат неруи барқ интиқол дода мешавад.

Ба иттилои Вазорати энергетикаи Узбекистон, ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиарду 540 миллион киловатт-соат бештар аст. Манбаъ афзуда, ки ҳаҷми интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ 10 миллиарду 938 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин муовини сарвазир ва вазири энергетикаи Узбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов 10 октябр дар як ҷаласа гуфтааст, дар мавсими тирамоҳу зимистон ба сокинон ҷамъан 30,6 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад.

Узбекистон ҳамасола дар мавсими зимистону тобистон бо мушкили норасоии барқ ва газ рӯбарӯ аст.

XS
SM
MD
LG