Ссылки доступа

Донишҷӯёни узбекистонии донишгоҳҳои Русия аз Мирзиёев кӯмак хостанд (видео)


Гуруҳе аз донишҷӯёни узбекистонӣ дар вилояти Курски Русия тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хостанд, ки онҳоро ба донишгоҳҳои Узбекистон интиқол диҳад.

Ба гуфтаи онҳо, аз сабаби он ки вилояти Курски Русия бо шаҳри Сумии Украина ҳаммарз аст, таъсири "амалиёти махсус" дар минтақае низ эҳсос мешавад, ки донишҷӯён таҳсил мекунанд.

"Гулулаҳо ҳамарӯза ба Тёткино меафтанд. Бадтар аз ин, неругоҳи атомии Курск, ки дар 30-километрии мо ҷойгир аст, то ҳол се маротиба ҳамла шудааст. Аз Белгород аксарияти аҳлоӣ кӯчонида ва таҳсил фосилавӣ шудааст", - нақл карданд донишҷӯён дар муроҷиаташон.


"Муҳтарам Шавкат Мирзиёев, аз шумо мехоҳем, ки таҳсили моро ба донишгоҳҳои тиббии Узбекистон кӯчонед", - омадааст дар муроҷиат.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, ки баъди ин муроҷиат ба вилояти Курски Русия дипломатҳои узбекистонӣ рафта ва вазъи донишҷӯёнро хоҳанд омӯхт.

XS
SM
MD
LG